БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ «МАЛИКАИ СОЛ-2020» ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангӣ таҷлил кардани иди Наврӯзи байналмиллалӣ, дарёфти чеҳраҳои фарҳангии миллатамон байни бонувон ва ҷавондухтарон дар асоси нақшаи кории намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ озмуни ноҳиявӣ таҳти унвони «Маликаи сол-2020»  дар Кохи фарҳанги ноҳия бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор карда шуд.

Дар ин чорабинии идона Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо,  Коллеҷи тиббию  Литсейи техникии ноҳия ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия тибқи Низомнома аз рӯи 7 шарти озмун фаъолона иштирок намуда, ҳунару маҳорати худро ба ҳозирин нишон доданд. Иштирокчиёни озмун аз ҷониби раис ва аъзои ҳакамони озмун дар иҷрои шартҳои озмун баҳогузорӣ гардида, 6 нафар ғолибони озмун, аз ҷумла ду ҷойи сеюм, ду ҷойи дуюм, як ҷойи якум ва як ҷой барои шоҳҷоиза муайян карда шуданд.

Ғолибони озмун рӯзи 22 марти соли равон дар чорабинии умуминоҳиявии Наврӯз, ки дар варзишгоҳи марказии ноҳия баргузор мегардад, бо Сипоснома ва туҳфаҳои  таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сарфароз гардонида мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg