![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200317_144009.jpg?itok=Bp-QMcKx)
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Бахшида ба истиқболи сазовори Иди байналмилалии Наврӯз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои ташвиқотиро оид ба амалисозии супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо ҷалби васеи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ роҳандозӣ карда, як қатор корҳои ободониро ба анҷом расонида истодааст.
Ин навбат бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Муъминобод” Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” доир карда шуда, сокинон дарахтони саҳни ҳавлии муасисаи таълимии деҳаро сафед ва бехи онҳоро нарму мулоим карданд, ки ин ба ҳусни муассисаи таълимӣ ҳусни зебогиро зам намуд.