![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200317_120943_0.jpg?itok=NVd10YMZ)
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти болоии ҲХДТ бахшида ба истиқболи сазовори иди байналмилалии Наврӯз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои ташвиқотиро дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор намуда, бо иштироки сокинон ҳашарҳои дастаҷаъмона роҳандозӣ гардида истодааст.
Чунин ташаббуси нек дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Сангоба” доир гардида, сокинон дарахтони ду тарафи роҳи даромади маҳалларо сафед ва бехи онҳоро нарму мулоим карданд.