БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ГУРӮҲИ ВАКИЛИИ ҲИЗБӢ ДАР МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ХУРОСОН

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон бо иштироки вакилон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзову ҷонибдорони ҳизб маҷлиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид.

Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидзода Раҳмон Азим оғоз намуда, дар он масъалаҳои интихоби раиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, интихоби муовинони раиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  ва тасдиқи нақшаи кори гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро мавриди баррасӣ қарор дод.

Баъди музокираҳо Шукуриён Абдулазиз ба вазифаи раиси гурӯҳи вакилии  ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон, Азизова Саида ва Холиқова Гулчеҳра муовинони раис пешниҳод гардида, якдилона аз ҷониби вакилон интихоб гардиданд.

Дар масъалаҳои ҷорӣ  бошад, қарор дар бораи амалиёти (Аксияи) сайёҳию омӯзиши «Сайри Ватан мекунем!» аз ҷониби вакилон якдилона дастгирӣ ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg