ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҳаллаҳои Низомӣ ва Тошмуҳамедови ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Аксияҳои ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ва “ҲХДТ муттаҳид месозад!” бо иштироки аъзову ҷонибдорони ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар он сокинон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар, бо истифода аз ҳавои мусоиди баҳорӣ як қатор корҳои ободониро анҷом доданд.