
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Чун анъана кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ бо дастгирии аъзои фаъоли ҲХДТ, соҳибкорони муваффақ ба оилаҳои ниёзманди ҷомеа пайваста кумакҳои моддиву молиявиро мерасонанд. Ин навбат дар арафаи иди Наврӯзи байналмилалӣ бо ҷалби вакили навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор Орипов Насим ба маҷруҳи гурӯҳи дуюм сокини шаҳраки Фархор Зоирова Малоҳат ба маблағи дусад сомонӣ маводи доруварӣ кумак намуданд. Чунин иқдом минбаъд ҳам идома ёфта, шахсони бемору ниёзманд пайваста зери таваҷҷуҳи ҳизбиёни ноҳия қарор хоҳанд гирифт.