БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶИ АКБАР АСТ…

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъана дар арафаи  иди Наврӯзи байналмилалӣ бо дастгирии узви фаъоли ҲХДТ,  соҳибкори муваффақ, шахси саховатпеша  Азимов Руслан роҳбари  хоҷагии деҳқонии “Саидҷон” дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба оилаи Шарифов Маҳмадамин, ки  ду нафар фарзанди маъюби гурӯҳи якум дорад,  Шарифов Убайдулло ва Шарифов Кароматулло мебошанд, ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ маводҳои хӯрока ҳамчун туҳфаи наврӯзӣ тақдим карда шуд.  Аз иқдоми неки ҳизбиён оилаи ниёзманди ҷомеа  руҳбаланд гардида, миннатдории хешро  ба Роҳбари давлат ва  ҳизбиёни ноҳияи Темурмалик, аз ҷумла Азимов Руслан  изҳор доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg