БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОХТМОНИ ПУЛ БА ҶОЙИ МАЪРАКАҲОИ АЗОДОРӢ

КӮШОНИЁН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар партави Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинони ватандӯсти деҳаи Сари ҳавзи Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён  бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пули деҳаи мазкур, ки солиёни дароз ба рафту омади сокинон монеа эҷод мекард, бо дастгирии  истиқоматкунандагон  аз нав  сохта ба истифода дода шуд.  Маблағи  хароҷот барои сохтмони  пул 23540 сомониро ташкил дода,   мардуми деҳа   тасмим гирифтанд, ки  он маблағҳое, ки дар маъракаҳои азодорӣ  сарф менамоянд,  барои сохтмони  пул ҷамъоварӣ намоянд. 

Дар  корҳои сохтмонӣ низ кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ иштирок дошта, барои иқдоми неку созанда ва татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  изҳори миннатдорӣ баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg