БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҚДОМИ ВАКИЛОНИ ТОЗАИНТИХОБ ШОИСТАИ ТАҲСИН АСТ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва вакили навинтихоби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён Қурбонов Шуҳрат дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  аёдати собиқадорони ҳизбу меҳнат ба роҳ монда шуд.

Зимни аёдат масъулин бо собиқадорон суҳбати самимона доир карда, ба онҳо  туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён тасмим гирифтааст, ки дар арафаи ҷашнҳои давлативу миллии дарпешистода дар якҷоягӣ бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои хайру сахоро бештар ба роҳ монда, ба собиқадорони ҷангу меҳнат, маъюбон, шахсони яккаву танҳо ва беморону барҷомондагон кӯмак расонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg