БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОҲАНГҲОИ МИЛЛӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

АНДЕША. Ҳама хушнудем, ки Наврӯз дар пайи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифт. Дар пайи тадбирҳои созандаи фарҳангиву адабӣ ва истифодаи босамар аз имконоти дипломатӣ ҷаҳониён ба дарки ин маънӣ расиданд, ки Наврӯз дар ҳақиқат рамзи ваҳдати инсонҳо, аз байн бурдани кинаву адоват, ростиву покӣ ва рӯшноиву шарофатмандӣ мебошад.

Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз зарбаи ҷонкоҳе буд ба фарҳангситезони мутаассиб ва ифротиёни бегонапараст. Воқеан мутаассибон асрҳо ин ҷониб ба арзишҳои поки Наврӯз дар муборизаанд ва инро дар зери ниқоби дин пинҳон мекунанд, ҳарчанд ин ҷашн ба динҳо рабте надорад, балки як падидаи бузурги фарҳангиву тарбиявӣ ва илмист. Ҳамаи ин наврӯзситезиҳои мутаассибон аз рашки сиёҳашон ба шаҳомати Наврӯз ва бунёнгузори Наврӯз, шоҳ Ҷамшед аст, ки ба он аз зовияи чашми форсиситезӣ менигаранд. Ин аст, ки бархе аз онҳо ҷамшедҳои худноогоҳи тоҷикро ба роҳгумӣ бурда, номҳояшонро бо Зайнуллову Баракатуллову амсоли ин номҳои арабиасос иваз намудаанд.

Равшан аст, ки бегонагон ҳаргиз чунин вижагии Наврӯз чун рӯзи ба тахт нишастани подшоҳи ориётаборон – Ҷамшедро бо фарҳанговариву ҷаҳонсозиаш чашми дидан надоранд.

Дар мавриди торихи пайдоиши ҷашни Наврӯз аксари луғатномаҳои форсӣ – тоҷикӣ тафсирҳо доранд ва шарҳи зебое дар «Бурҳони қотеъ» ба сурати зайл мавҷуд аст:

«Ӯ (Ҷамшед) сайри олам мекард, рӯзе ки офтоб ба нуқтаи авҷи Ҳамал омада буд, фармуд тахти мурассаъе (озину оро ёфта)-ро дар ҷойи баланде гузоштанд ва тоҷи мурассаъе бар сар ниҳода бар он тахт нишаст. Чун офтоб тулӯъ кард шуоъ ва партави офтоб бар он тоҷу тахт афтод, шуоъе бар ғояти равшанӣ падид омад ва чун ба забони паҳлавӣ шуоъро «шед» мегӯянд, ин лафзро бар Ҷам афзуданд ва Ҷамшед гуфтанд, яъне подшоҳи равшан ва дар он рӯз ҷашне азим карданд ва он рӯзро Наврӯз ном ниҳоданд.» Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и ҷовидонӣ ин лаҳзаро чунин бозгӯ намудааст:

Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,

Нишаста бар он шоҳи фармонраво.

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Бархе донишпажӯҳон бар он нигаранд, ки аз ҷашни Наврӯз дар «Авасто» ёд нашудааст. Ба гумони мо нахуст ин ки Наврӯз ба замони бовариҳои фарозартуштӣ, ба ҳазорсолаи пештар аз он пайваста аст. Зеро чуноне дар боло гуфта шуд, Ҷамшедро писари хуршед номидаанд дар замони кайҳониву бекарона ва чун «Шоҳнома» реша дар андешаҳои куҳантар дорад, пайдоиши Наврӯз бо тафсил бознамоёнда шудааст. Дуввум ин ки ба гуфтаи гузаштагонамон Искандари гуҷастик (малъун) он бахши «Авасто»-ро, ки арзишҳои фаннӣ дошт бо худ ба Юнон бурд, аммо сурудаҳои ба динварзиву фарҳанговарӣ бахшидаро фармон дод ба оташ афкананд.

Дар миёни ҳамдиёронамон ҳастанд одамони андакхондае, ки номи Ҷамшедро ба ҷурми худро худо донистан, бо кароҳат ёдовар мешаванд. Аммо Ҷамшед бо иғвои иблис худро офаридгори замину замон донист ва бинобар нофармонӣ Худованд ба ӯ сазое дод, то ба «нозамон» равона гардад. Нозамонро дар бовариҳои дини ислом «аъроф» гӯянд, яъне на биҳишт ва на дӯзах. Аммо дар «Авасто» (Бундаҳиш) омадааст, ки Ҷамшедро Худованд ба омурзиш раво дониста, пас аз марг дар дар осмон ҷой додаст ва ҳар ки роҳи ростро пеша мекунад, пас аз марг равона ба осмони пок, назди падарон, назди Ҷамшед меравад. Диноварони бостон заминро модар ва Ҷамшедро ба рамз падар мехондаанд. Дар марсияи Рӯдакӣ ба вафоти дӯсташ Абулҳасани Муродӣ байте мавҷуд аст, ки ишора бар он боварии тоҷикони бостон дорад:

Ҷони гиромӣ ба падар боздод,

Колбуди тира ба модар супурд.

(Яъне ҷонаш, рӯҳашро ба падар – Ҷамшед баргардонд ва колбуд – ҷисмашро ба модараш, замин супурд).

Чунин ба назар мерасад, ки торихи Сулаймони паямбар (дар дини насронӣ Соломон ва яҳудӣ Шаломон) бозгӯяндаи саргузашти Ҷамшед аст. Ҳаммонандиҳои бархе достонҳои вобаста ба ин ду шоҳи асотирӣ, аз ҷумла ҳамсонии қиссаи тахти Сулаймон бо тахти Ҷамшед, оинаву нигини ҷаҳоннамои Сулаймон бо Ҷоми ҷаҳоннамои Ҷамшед (Ҷоми Ҷам), асои хирад доштани Сулаймон бо асои хиради Ҷамшед ва монанди он бофторҳои дигар, ин андешаро таъйид мекунад.

Ҷамшед на танҳо бунёнгузори ҷашни Наврӯз, балки фарҳанговару сомонбахши зиндагӣ буда, дар инсон сохтани башар нақши шоиста бозидааст. Дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ин китоби саргузашти мардуми иронитабор чеҳраҳои гуногуни қавми озодагон бозтоб гардидааст, ки бо хираду фарҳанги худ ҷаҳонбону ҷаҳонсозанд. Агар Ҳушанг оташро кашф карда ба одамон аз барги дарахтҳо либос пӯшиданро омӯзонда бошад, Таҳмурас дасти девон (одамони ёбоиро) аз бадкирдориҳову зиёновариҳо кутоҳ кард, ҳайвонҳоро ром карда, аз пӯсту пашм либос карданро омӯзонд ва асрори хатнависиро аз девон ошкор кард. Аммо аҳди Ҷамшед, ки онро 700 сол ва гаҳе бештар аз он меҳисобанд, ҳазораи фарҳанговарӣ, диновариву додгустарӣ, дастёбии одамон ба ҳунарҳо, аз ҷумла аз катону (пахта) пашму хаз (мӯина) либос дӯхтан, хона сохтан (маҷбур кардани девон барои девор кардан), пизишкиву дармонбахшии мардумро пайдо кардан, аз кӯҳ дурру гавҳару оҳану фӯлод кашидану зиреҳу олаҳои киштварзӣ дуруст кардан, киштӣ сохтану шиноварӣ ёд гирифтан, атру бӯйҳои хуш баровардан ва ҳато аз найшакар берун кашидани шакар ва соири кашфиётҳо буд. Дар «Анҷуманоро» пиромуни вобастагии ҷашни Нарӯз ба шоҳ Ҷамшед чунин гуфтаҳо омадааст: «Яке он аст, ки дар аҳди Таҳмурас ойини мазҳаби «собийа» ривоҷу равнақи тамом дошт (дар ин ҷо вожаи «собийа» ба маънии гуногунпарастӣ ва иваз кардани дини худ омадааст) ва чун шоҳаншоҳӣ ба Ҷамшед расид, таҷдиди ойини эзадпарастӣ карда ва ин рӯзро Наврӯз ва ид гирифт ва гӯянд дар ин рӯз найшакар ба дасти Ҷамшед шикаста шуду аз он хӯрда шуд ва обаш маъруфу машҳур гардида, шакар аз он сохтанд. Бинобар ин дар рӯзи Навӯз хӯрдани шакар расм шуда ва аз он ҳалвоҳо сохтанду хӯрданд ва ҳанӯз он расм барқарор аст».

Ҳамин аст, ки замони Ҷамшедро замони ҳазораи фарҳанговарӣ номида, замони шоҳии Ҳушанг, Таҳмурас ва Ҷамшедро аҳди пешдодиён донистаанд, бад-он маънӣ, ки онҳо шоҳони додгустар буданд, доду адолатро дар рӯйи замин густариш додаанд. Ҳамон гуна ки дар мавриди додгустарӣ дар фарҳанги «Ҷаҳонгирӣ» омадааст, дар Наврӯзи хоса «…зиндониёнро озод кардандӣ ва муҷримонро (гунаҳкоронро) афв фармудандӣ».

Гузаштагони дури мо худро «озодагон» ва «деҳгонон» меномиданд ва ин номҳо ишора бар он дошт, ки онҳо дар қиёс бо мардуми хайманишин, рамагарду ғорнишину ҷангалиён, инсонҳои нахустине буданд ба киштварзӣ, зиндагии бумӣ, деҳнишиниву шаҳрсозӣ пардохтаанд. Ин аст, ки ҷашнҳои бузургтарини тоҷикони бостон намоди такрори замон, бозовардани фаслҳо ба табиат, боззоии замин, гардишу тобиши офтоб пайванданд; ҷашни Сада ба нерӯмандии офтоб, ҷашни Меҳргон ба таодули поизии (баробарии тирамоҳии) шабу рӯз, ҷамъоварии самари кишти замин ва ҷашни Наврӯз ба таодули баҳории (баробарии баҳории) шабу рӯз, гиромидошти обҳои зинда ва кишти замин.

Ниёкони мо ин ҷашнҳоро ба замони фармонравоии шоҳони худ вобаста медонистанд – ҷашни Сада ба замонҳои шоҳии Ҳушанг ва Фаридун, ҷашни Меҳргон ба замони шоҳии Фаридун ва ҷашни Наврӯз ба замони бар тахт нишастани Ҷамшед.

Дар аҳди Ҷамшед расме роиҷ гардидааст, ки бисту панҷ рӯз пеш аз Наврӯз дар пеши кохи шоҳаншаҳ дувоздаҳ сутун аз хишти хом барпо мекарданд, ки бар як сутун гандум, ба сутуни дуввум ҷав, севвум биринҷ, чаҳорум нахуд, панҷум лубиё, шашум арзан, ҳафтум ҷуворимака, ҳаштум наск, нуҳум боқило, даҳум мош, ёздаҳум кунҷид, зағер мекоштанд ва онҳоро то ба рӯзи шашуми Наврӯз намечиданд. Дар шашуми Наврӯз он ғаллаҳоро канда, ба фоли нек мепошиданд ва то 16-уми фарвардин нигоҳ медоштанд. Ба боварии онҳо кадоме аз он ғаллаҳо боровартару хуррамтар бошанд, ҳосилаш фаровон хоҳад буд. (Баргирифта аз «Ал маҳосин ва ал – издод», с. 243, дар «Луғатномаи Деҳхудо»).

Чуноне ки мебинем, Ҷамшед яке аз шахсиятҳои бузургтарини «Шоҳнома» мебошад, ки пас аз фарҳанговарӣ ва дастовардҳои ниҳоят муҳим дар раванди инсон кардани башар, Наврӯзро ҳамчун ҷашни соли нав эълом мекунад. Ва нодида гирифтани ин вижагии Наврӯз ва дар ин рӯз ба ёд наовардани шоҳи созандаву додраси ориётаборон баробар ба фаромӯш кардани яке аз шоистагиҳои Наврӯз аст.

Бояд дарк кард, ки Ҷамшед яке аз нахустин худоҷӯён аст. Вайро Худо рисолати паямбарӣ додааст, вале чун Худоро наметавонад бо чашми дил бишносад, фирефтори дасисаҳои иблис шуда, худ ва Худоро яке мебинад ва аз ин худоношиносӣ на танҳо ба хештан, балки ба одамон зиёну осеб мерасонад. Иблис дар симои Заҳҳок бар тахти каюмарсӣ менишинад ва морони сари души ӯ мағзи сари ҷавононро мехӯранд. Дар нигариш ба чунин лаҳзаҳои асотирии «Шоҳнома», чуноне ки худи Ҳакими Тӯс фармудааст, воқеаро бо чашми хирад бояд дид, зеро онҳо бо рамз гуфта шудаанд.

Дар оғози ин навиштор ишора шуд, ки шоҳ Ҷамшедро чуноне мешояд мо тоҷикон худ нашинохтаем, пас бегонагони аврупоиву амрикоӣ чи гуна вайро бишносанд. Пайдост, ки аврупоиён вижагиҳои астрономӣ, фаслисолӣ ва боззоии табиатро сутуда, арзишҳои фароторихиву миллии онро нахоҳанд пазируфт. Аммо Наврӯз пеш аз ҳама ҷашни миллии мо мебошад ва мебояд, ки донишимардон, дастандаркорони базмгоҳҳои наврӯзӣ, ё ҷамшедӣ, иҷодкорони расонаҳои хабарии ҳамагонӣ, ин вижагиҳои ҷашнро ба мардум, ба хориҷиён бозгӯ намоянд.

Боясти баландии мақоми Наврӯзро дар ин суханҳои Ҳаким Фирдавсӣ – муноддии меҳанпарастӣ дид, ки ба ҳангоми чирамандии душманони тозӣ ба тира гаштани Наврӯзу ҷашни Сада дар дил ғам мепарварид:

Аз ин зоғсорони беобу ранг,

На ҳушу на дониш, на ному на нанг.

Ҳам оташ бимирад ба оташкада,

Шавад тира Наврӯзу ҷашни Сада.

Аммо хушбахтона баъди ҳазор соли бедавлатӣ миллати тоҷик дубора соҳибдавлат гардид ва бо шарофати Истиқлолияти комил ёфтани Тоҷикистон дар пайи кӯшишҳои ватанпарастонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои бузурги аждодиамон ба мисли Меҳргону Садаву Наврӯз аз тангнои тираву тори таърихи берун омада, дигарбора ҷилову шукӯҳи тоза ёфтанд. Дар ин росто мо соҳибони аслии ин тамаддуни бузургро мебояд бо амалҳои созандаву хизмати содиқона ба халқу Ватан ва таҳким бахшидани пояҳои истиқлолияти давлатӣ пайваста шукӯҳу ҳашамати ҷашнҳои миллиамон, хоса Наврӯзро биафзоем.

 

 

Зафар МИРЗОЁН, ховаршинос аз шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg