ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳашари дастаҷамъона баргузор намуданд. Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ин амалҳои ободонӣ бо руҳияи баланди ватансозӣ дар тоза намудани кӯчаву роҳравҳо, нарму мулоим кардани бехи дарахтон ва дар ҳама гӯшаву канори ноҳия насб намудани навиштаҷоту овезаҳои наврӯзӣ, ки ба симои маркази ноҳия ҳусни дигарро зам намуд, саҳми хешро гузоштанд.
Чунин иқдомҳои неку созанда дар ҳудуди ноҳия бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо истифода аз обу ҳавои мусоиди баҳорӣ идома доранд.