ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Шаҳдрез»-и ноҳияи Дӯстӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми соли 2019 ба тамоми роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон дода буданд, мулоқот доир карданд.
Масъулин дар баромади хеш оид ба ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар деҳаву маҳаллаҳо сохта ба истифода додани китобхона, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, сартарошхона, ҳаммом ва ғайра то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шавадандешаронӣ карданд.
Вохӯрии судмандро сокинон ҳамаҷониба дастгирӣ карда, то ҷашни Наврӯзӣ байналмилалӣ дар деҳаи мазкур бо дастгирии узви фаъоли ҲХДТ, соҳибкори ватандӯст Кабиров Ширинҷон китобхона таъсис дода мешавад. Мақсад аз таъсиси китобхонаҳо дар маҳал ин баланд бардоштани савияи донишу маърифати шаҳрвандон буда, онҳо метавонанд дар вақтҳои холигии худ аз китобҳои гуногунандеш васе истифода баранд.