БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛОНИ ТОЗАИНТИХОБ БА АМАЛҲОИ СОЗАНДА РАҲНАМОӢ ГАРДИДАНД

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳияи Дӯстӣ маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ баргузор  шуд.

Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроия Одиназода Ҳуснигул, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва дигар шахсони даъватӣ иштирок доштанд. Дар кори маҷлис 3 масъала, интихоби раиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, интихоби муовинони раиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқ ва тасдиқи нақшаи кории гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи масъалаҳои  мазкур қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Сипас, аз рӯи масъалаҳои ҷорӣ Одиназода Ҳуснигул баромад карда,  аз вакилони тозаинтихоб барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ саҳм гузоштан дар пешрафту ободии сарзамини аҷдодиамон даъват ба амал овард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg