БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛОН БАРОИ ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ ДАЪВАТ ГАРДИДАНД

А. ҶОМӢ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии   ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, маҷлиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳия  таҳти раёсати Муҳаммаддовуд Ҳалимов раиси Кумитаи иҷроия баргузор гардид.

Дар кори он аъзои Кумитаи иҷроия, инчунин  вакилони тозаинтихоби Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, узви  Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Саиди Ёқубзод  иштирок намуданд.

Маҷлисро  Муҳаммаддовуд Ҳалимов ҳусни оғоз бахшида ҳамагонро бо рӯзномаи маҷлис, ки аз  се масъала  иборат буд,  мавриди баррасӣ қарор дод.

Мавсуф доир ба  масъалаи  аввали  рӯзномаи  корӣ   таъсиси гурӯҳи вакилии ҳизӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  баромад намуда, қайд кард, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ, банди 5 (5,1)-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва  изҳори (аризаи ) дастаҷамъонаи  як гурӯҳ вакилони  Маҷлиси  вакилони халқи ноҳияро ба инобат гирифта, дар Маҷлиси  вакилони  халқи  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, гурӯҳи вакилии ҳизбӣ таъсис дода шавад ва ҳамчунин роҳбарони гурӯҳи вакилии ҳизбиро иборат  аз  роҳбар ва ду муовинонаш пешниҳод карда,  оид ба  ин масъала қарори дахлдор қабул карда шуданд.

Нисбати масъалаи дуюми рӯзнома, дар бораи амалиёти (Аксияи) сайёҳию  омӯзиши  “Сайри  Ватан  мекунем!”  гузориш дода шуда, аз ҷониби ҳамагон дастгирӣ ёфт.

Дар охир, Саиди Ёқубзод  ҷиҳати иҷрои  дастуру  супоришҳои  роҳбарияти  макомоти  болоии  ХХДТ, амалисозии корҳои созандагию бунёдкорӣ ва дигар вазифаҳои  Оинномавию   Барномавии  ҲХДТ  аз иштирокдорон   даъват ба амал овард.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg