ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Чун баҳор мерасаду табиат ба шукуфтан оғоз мекунад, мардуми шарафманди тоҷик низ ба корҳои ободониву созандагӣ, машғул мешаванд. Ба ин хотир намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, ба идораи Суди ноҳияи Вахш раҳсипор шуда, кормандони мақомоти судиро бо фарорасии фасли арӯси сол, яъне баҳор ва иди Наврӯзӣ байналмиллалӣ муборакбод намуда, онҳо ва дар симои онҳо ба тамоми мардуми заҳматкаши вахшонзаминро бо ин фасли дилафрӯз ва Наврӯзӣ оламафрӯз барору комёбӣ ва саодати рӯзгорро таманно намуда, бо шеърхонии кӯдакон табъи онҳоро болида гардониданд.