БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРӮЗ ХУҶАСТА БОД!

АНДЕША. Аллакай яксол сипари шуду, боз ба иди Наврӯз расидем ба ҳамон шодиву хурсандӣ, хӯрокӣ миллӣ, бозиҳои миллӣ, ананаҳои қадимаи тоҷикона, ки табъи инсон болида мегардад. Дар айёми фасли баҳор, ки зиндашавии табиат аст, дарахтон гул мекунанд, гулҳо мешукуфанд, дашту саҳро месабзанд ва боду ҳаво тозаву форам мегардад. Ҷашн гирифтани Наврӯзӣ дар ингуна манзара боз ҳусни дигар мебахшад, ки инсон худро болидахотир, хушҳол ҳис мекунад.

Хӯрокӣ асосии Наврӯзӣ ин суманак мебошад, ки барои омода кардани он як ҳафта заҳмат кашидан лозим меояд. Аввал гандумро ба лаганҳои калон гирифта то муҳлати 3-6 рӯз нигоҳубин мекунанд ва  ҳар вақт об пошида меистанд барои сабзидани гандум. Баъдан гандумро гирифта мекубан ба деги калон давоми якрӯз меҷӯшонанду мекобанд ва заҳмати зиёдеро талаб мекунад, ки маззаи хосси худро пайдо менамояд, лаззаташ аз даҳон ҳеҷ намеравад. Дастархони Наврӯзӣ бошад пур аз хӯрокҳои миллӣ яъне, ош, шӯрбо, оши бурида, далда, ширбиринҷ, шӯлла ва ғайраҳо гузошта мешавад. Дигар ин, ки ҳафтсину ҳафтшин дар намоиш аст, ки дар ҳафтсин ашёҳое, ки бо ҳарфи « С » оғоз меёбад, яъне суманак, самбусса, сузан, санҷид, сабзӣ ва ғайра гузошта мешавад дар ҳафтшин бошад бо ҳарфи « Ш » шамъ, шона, ширбиринҷ, шох, шакар ва ғайра намоиш дода мешавад, ки ананаҳои хосси миллӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин бозиҳои миллӣ гузаронида мешавад аз ҷумла, гуштин, бандкашак, чавқонбозӣ, чиликдангал, хурӯзҷанг ва ғайраҳо аз қадим мерос омадааст.

Воқеанҳам Наврӯз бо анаҳамингуна хислатҳои доштааш гуворо мегузараду писанди мардум мебошад. Дар даврони истиқлолият ин ҷашни бузург мавқею мартабаи худро пайдо карда соли 2010 – ум аз тарафи Созмони Миллали Мутаҳид иди байналмилали эълон гардида дар тамоми ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Имсол дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе балантарин табақаи Суманак дар ҷаҳон афрохтанд, ки зебогии он ҳусни дигар зам намудааст. Маҳз бо шарофати  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди Наврӯз мақоми байналмилалӣ пайдо карда, ватани наврӯзро Тоҷикистон медонанд. Пешвои миллат оиди ҷашн гирифтани Наврӯз чунин қайд намуданд: «Баргузории Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ моро вазифадор менамояд, ки расму оинҳои неки наврӯзии замонҳои куҳанро аз нав эҳё намуда, ба онҳо шукуҳу шаҳомати тоза бахшем» дар ин раванд расму анъанаҳои миллии кадимаро аз нав зинда карда фарҳанги миллати тоҷикро дар ҷаҳон муарифӣ намоем. Барои баргузор намудани наврӯз дар сартосари шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳур омодагии ҷиддӣ дида истодаанд. Ва барои пурсамар будани Наврӯз мо миллати тоҷикро зарур аст, ки либосҳои миллии наврӯзӣ бабар намуда, бо як руҳияи баланди хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ширкат варзем ва шоду хурсандона наврӯзиро гузаронему саҳми худро гузошта бошем.  

                                                                            

 Одиназода  ҳуснигул,

 раиси ки ҳхдт дар н. Дӯстӣ                                                                                                                                                                                            

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg