БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРӮЗ ҶАШНИ НИЁГОН АСТ

АНДЕША. Калимаи “Наврӯз” маънои “Рӯзи нав”-ро дорад. Ин иди баҳор, якум рӯзи соли нав, рӯзи баробарии шабу рӯз, рӯзҳои асосии ид аз 21 то 22-юми март мебошад. Дар ҳар як шаҳрҳо ин идро одамон бо расму русуми гуногун ҷашн мегиранд. Ҳоло дар Тоҷикистон асосан Наврӯзро аз 21 то   24-уми март ҷашн мегиранд. Ин рӯзҳо рӯзи истироҳатӣ мебошад.

Қадимтарин манбаи иди Наврӯз ин китоби муқаддаси зардуштиён “Авесто” мебошад. Решаи аниқ аз қадимтарини таърихи то 3000 сол пеш аз милод рост меояд.

Таъомҳое, ки номашон бо ҳарфҳои “С” ва “Ш  сар мешаванд, хоси ин ҷашн мебошанд. Ҳамчун қоида дар Наврӯз ду намуди дастархон оро дода мешавад: Ин “Ҳафт Син” ва “Ҳафт Шин” мебошад. Дар алифбои форсӣ “Син” ва “Шин” ҳарфҳои “С” ва “Ш” мебошад. Дар дини зардуштӣ ва исломӣ рақами 7 ҳамчун рақами муқаддас шумор меравад. Ҳафт Синро арабҳо дохил карданд аз сабабе, ки дар ислом нӯшидани шароб манъ аст, лекин Ҳафт Синро аз байн бурда натавонистанд.

Ба инҳо дохил мешаванд: Сир, Себ, Сабзӣ, Санҷид, Сирко, Суманак ва Сипанд.

Умуман инҳо аз урфу одати ҳар миллат вобаста мебошад. Ҳар як давлат урфу одати худро дорад. Бинобар ин баҷои ҳафт сини номбаршуда дигар чизҳоро низ дар дастархон дида мешавад. Ба «Ҳафт Шин» дохил мешаванд инҳо: Шакар, Шона, Шамъ, Ширинӣ, Шарбат, Ширбиринҷ ва Шир.

Аз омадани Наврӯз пеш аз ҳама бачагон бо иҷрои маросими шодии гулгардонӣ ба дигарон хабар медиҳанд. Онҳо як-ду ҳафта қабл аз Наврӯз гурӯҳ шуда, ба кӯҳу пуштаҳо рафта гулҳои баҳорӣ: сиёҳгӯш ва гули зардакро чида ба деҳа меоранд ва хона ба хона гашта ба мардум сурудхонон муждаи омадани Наврӯзро мерасонанд. Соҳибхонаҳо гулҳоро бӯй кашидаву ба чашм мемоланд ва ба бачаҳо кӯлчаю қанду мавиз, дар баъзе ҷойҳо гандуму нахуд медиҳанд.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намуд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хоссаро пайдо кард. Наврӯз бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳониро касб карда, бо дастгирии СММ имрӯзҳо ин ҷашни муққадас ҷаҳонӣ гашта, қариб ки дар тамоми мамлакатҳои хориҷӣ бо истифода аз расму оини тоҷикона  ин идро ҷашн гирифта истодаанд, ки фахри мо миллати тоҷик аст. 

С.Салимова, мудири шуъбаи кор бо занони  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш              

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg