АНДЕША. Коронавирус, ин вирусест, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ин вирус дар тамоми давлатҳои дунё хуруҷ карда истодааст. То ҳол бар зидди ин вирус ягон ваксина ё дору ёфт нашудааст. Дар тамоми ҷаҳон олимону донишмандон барои пешгирӣ ва бартараф намудани ин вирус тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд. Ҳамагонро мебояд, ки барои пешгирӣ намудани ин вирус аз чунин тавсияҳо истифода баранд:
Тавсияҳои барои пешгирӣ аз сироятӣ коронавирус:
Ҳангоми шустани дастҳо бо об ва собун,
Ба мардум инчунин тавсия дода мешавад, ки ҳангоми сулфидан ё ҳиҷоб кардан даҳон ва бинии худро пӯшонанд,
Нагузоред, ки бо одамони сироятшуда робитаи наздик дошта бошед,
Гӯшт ва тухм бояд ҳаматарафа пӯхта шаванд, зеро ин вирусҳо аз ҳайвонҳо сарчашма мегиранд.
Коронавирус аз як шахс ба шахси дигар тавассути қатрагӣ паҳн мешавад, вақте ки бо шахси бемор дар ҳолати сулфидан ё нафас кашидан, алоқаи наздик дошта бошед, ё ин ки ба чизҳои дастрасондаи онҳо даст расонед ва ғайраҳо.
Аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки барои гирифтор нашудан ба ин беморӣ, худ ва фарзандони худро эҳтиёт намуда, ҳолатҳои гигиениро риоя намоед, чунки саломати ганҷи бебаҳо мебошад ва саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст.
С.Салимова, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш