БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪСИСИ ГУРӮҲИ ВАКИЛИИ ҲИЗБӢ ДАР ЁВОН

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи талабот ва нақшаи чорабиниҳо дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон гурӯҳи вакилии ҳизбӣ таъсис дода шуд.

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, даъвати шашум баргузор гардид. Қабл аз баргузории иҷлосия маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ баргузор карда шуд, ки дар кори он масъалаҳои таъсиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, интихоби муовинони он ва тасдиқи нақшаи кории гурӯҳи вакилӣ баррасӣ гардид.

Дар асоси пешниҳоду дархостҳои аксарияти  вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Раҳматуллоев М вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон аз ҳавзаи интихоботии № 27 раиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ ва Абдуллоева Саёҳат  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  аз ҳавзаи интихоботии № 7 ва Бобобеков Хусрав вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии № 16 муовинони раиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ интихоб гардида, нақшаи кории гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон барои соли 2020 тасдиқ карда шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон аз 40 вакили мардумӣ 38 нафарашон вакилони ҲХДТ мебошанд.

Гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар оянда низ, дар доираи ваколатҳои худ миёни мардум ҳамаҷониба фаъолият намуда, сиёсати ҲХДТ ва роҳбарияти Олии онро пурра тарғиб менамояд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg