БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОИНҲОИ НАВРӮЗ ТАҶАССУМГАРИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Шукрона”-и Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии идона бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, оид ба таърихи пайдоиши Наврӯз, эҳё намудани урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгон, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар, ихтирооту навоварӣ ва донишомӯзӣ суханронӣ намуда,  аз ҷамъомадагон  ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ ва бо дастовардҳои баланд истиқбол гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ даъват ба амал оварданд.

Сипас, масъулин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳунармандони чирадаст маҳсули дастони хешро ба маърази тамошо гузошта буданд, дидан карда, ба ҳунару маҳорати онҳо баҳои  баланд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg