КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Субҳи барвақт мардуми деҳаи Хурсандии Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи иҷроия дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба ҳашари умумӣ баромаданд.Иштирокдорони чорабинӣ як тарафи роҳи деҳаро барои насб намудани симчӯби барқӣ бо фурӯзонакҳои замонавӣ омода намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар рафти Аксияи ҳизбӣ ҷавонон бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва баҳри боз ҳам зебо гаштани деҳаи худ саҳми босазои худро гузоштанд.