КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён маҷлиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ доир гардид.
Дар кори маҷлис 3 масъала, интихоби раиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, интихоби муовинони раиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқ ва тасдиқи нақшаи кории гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сатторова Меҳрубон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён аз ҳавзаи №13 раиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён Аъзамҷони Умаралӣ аз ҳавзаи №3 ва Қурбонзода Абдуҷаббор Воҳид аз ҳавзаи №25 ба ҳайси муовинони раиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ интихоб гардиданд. Инчунин, оид ба масъалаҳои ҷорӣ вобаста ба ташаббуси навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Амалиёти (Аксияи) сайёҳию омӯзишии ҳизбӣ “Сайри Ватан мекунем!” дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби вакилон якдилона дастгирӣ ёфт.