БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ШОҲМОТ ДАР ТАРБИЯИ ИНСОН

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Низомулмулк дар асари худ “Сиёсатнома” барои тарбияи ҷавонон  шоҳмотбозиро тавсия менамояд. Ба ақидаи ин мутафаккир, шоҳмот ақли ҷавононро обутоб дода, ба тафаккур ва қобилияти фикрронии онҳо ривоҷу равнақ мебахшад. Шоҳмот -таърихи 1400 сола дорад. Пайдоиши шоҳмотро таърихшиносон ба асри VI мелоди дар Ҳиндустон бо номи "Чатуранга" медонанд. Соли 1886 мусобиқаҳои шоҳмот шурӯъ гардида, аз соли 1924 Федератсияи байналмиллалии шоҳмот мусобиқаҳои гуногунро доир ба шоҳмот гузаронида истодааст.

Бо ин мақсад мусобиқаи  шоҳмот барои  дарёфти  “Ҷоми ҲХДТ” дар шаҳри Кӯлоб  миёни ҷавонону наврасон идома дошта, ин навбат мусобиқаи мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25  баргузор гардид, кидар он иштирокдорон байни ҳам маҳорати худро нишон доданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg