ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ба аёдати шахсияти бузург-устоди гиромӣ Шаропов Сафолбек рафта, ӯро бо омадани баҳору Наврӯзи аҷам шодбош гуфтанд.
Шаропов Сафолбек беҳтарин устоди маънӣ ва нобиғаи нотакрори ирфон аст, ки дар ноҳияи Ёвон ва берун аз он шогирдони зиёдеро ба камол расонидаву дар соҳаҳои гуногун, хоса соҳаи тибби кишвар содиқонаву самимона хизмати халқро ба ҷо меоваранд. Имрӯз устоди гиромиқадр ба синни мубораки 80 расидааст, лек ҳоло ҳам бо як шавқу шӯри камолот ба шогирдонаш дарс мегӯяд, дарси муҳаббату садоқат, ахлоқу рафтори ҳамида. Ҳамасола аз ҷониби Вазорати илм ва маориф ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба унвонии ноҳияи Ёвон маҳз бо заҳмату талошҳои шабонарӯзонаи устод Шаропов Сафоблек барқияҳои миннатдорӣ барои дохилшавии ҷавонони ноҳия ба Донишгоҳи мазкур ворид мегардад, ки боиси ифтихори ҳар як соҳибватан аст.