ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастуру супоришӽои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба иди байналмиллалии Наврӯз дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» корҳои ободонию хуррамгардонӣ дар ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои барқ”-и ноҳияи Восеъ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҳизбӣ низ иштирок доштанд.
Дар чорабинии мазкур аъзои ташкилоти ибтидоӣ замини назди биноро нарму мулоим карда, гулу гулбуттаҳои ороишии рангоранг шинониданд, ки ин ободкориҳо аз омад-омади баҳори некқадам мужда медиҳад.
Пас аз анҷоми корҳои дастҷамъона аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ таъкид гардид, ки ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳар ҳафта ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониро мунтазам ба иҷро расонанд.