БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРӮЗ ЯК БАХШИ МУҲИМТАРИНИ ТАБИАТ

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, бахшида ба ҷанши Наврӯзӣ байналмиллалӣ дар тамоми гӯшаю канори ноҳия дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» корҳои ободонию тозагиро анҷом дода истодааст.

Чун Наврӯз фасли шукуфтанҳову рустанҳо, тозагиву покизагӣ ва бедор шудани табиат аз хоби ноз мебошад, мардумро хоҳу нохоҳ ба амалҳои нек раҳнамун месозад. Мардуми шарафманди ноҳияи Вахш низ аз ин обу ҳавои мусоиди баҳорӣ ва табиати биҳиштосои сарзаминамон истифода бурда, ҳамарӯза аз гирду атрофи манзилҳои истиқомативу кӯчаю пасткӯчаҳои худ сар карда, то ба коргоҳу ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маркази ноҳия барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни аҷдодӣ корҳои назаррасеро ба анҷом расонида истодаанд.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ин чорабинӣ саҳмгузор буда,  барои сарсабзу хуррамгардонӣ ва бо шиору овезаҳои наврӯзӣ ороиш додани ҳудуди ноҳия  як қатор корҳои ободониро анҷом дода истодаанд, ки ин  бунёдкориҳо ба симои ноҳия ҳусни дигар зам намуда истодааст

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg