БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАБОЯД АЗ ТАГИ НОХУН ЧИРК КОФТ!

ВОКУНИШ. Департаменти давлатии Амрико дар гузориши солонааш оиди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2019 оиди низоми бисёрҳизбӣ, интихоботи Маҷлиси Олӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаҳои ба душдоштаи вазоратҳои қудратӣ, ҳуқуқи башар ва дигар масъалаҳои ҳаёти инсон суханҳои зиёди туҳматангезро овардааст, ки асоси воқеӣ надоранд.

Гузориш аз таги нохун чирк кофтанро мемонад. Гӯё дар Тоҷикистон дар масъалаи баргузории интихобот, фаъолияти вазорату идораҳои қудратӣ, ҳуқуқи инсон, озодии дину мазҳаб, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, мубориза бо коррупсия, ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони мансабдор, ҳизбу созмонҳои ғайридавлатӣ ва шахсони ба ҷавобгарӣ кашидашуда ягон кори манфиатбахше карда нашуда бошад. Вале мо, сокинони мамлакат дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ акси суханҳои по дар ҳавои дар гузориш овардаро мебинем.

Дар ҳамаи интихоботҳое, ки дар кишвар дар асоси талаботҳои қонун баргузор гардидааст, то ҳол чунин нашудааст, ки дар кабинаи овоздиҳӣ қаламу ручкаро аз дасти интихобкунанда гирифта бошанд ва ё ӯро маҷбур карда бошанд, ки ба тарафдории номзади интихобкардаи худ нею ба тарафдории дигар номзад овоз диҳад. Оё дар ҳамин ҳолат ягон поймол кардани ҳуқуқи инсон дида мешавад?

Дар гузориш омадааст, ки гӯё дар Тоҷикистон гуногунандешӣ ва бисёрҳизбӣ вуҷуд надорад. Пас, 7 ҳизбе, ки дар Тоҷикистон амал мекунад ва дар интихоботи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ иштирок намуда, аъзоёнашон сазовори номи вакилӣ гардиданд, ҳизб ҳисоб намеёбанд?

Дар бораи гуногунандешӣ ҳаминро гуфтанием, ки марҳамат ба Тоҷикистон биёед, дар рӯзномаҳои расмӣ нахоҳед, дар рӯзномаҳои озод, ки дар мамлакат шуморааш беҳудуд аст, фикратонро озод баён намоед.

Агар давлат нисбати сомонаҳои интернетӣ, ки ба гуфти шумо аз тарафи давлат маҳдуд карда мешаванд, ягон чора меандешид, намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, аз ҷумла роҳбарони гурезпои Ҳизби наҳзати ислом нисбати давлат, роҳбарони он ва миллат аз дур сангпартоӣ намекарданд.

Он мушкилоти умдае, ки дар бахши ҳуқуқи башар оварда шудааст, аз ҳақиқат дуранд. То ҳол ба ғайр аз ҳамин гузориш нашунидаем ва нахондаем, ки аз ҷониби ҳукумат афроде ғайб зада бошад. Дар Тоҷикистон ягон маҳдудияти мазҳабӣ дида намешавад. Дар ин бора дар кишвар Қонун “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” амал мекунад, ки талаботҳои он ба таври қатъӣ риоя карда мешавад. Хушбахтона, дар Тоҷикистон 90 дарсади мардум сунимазҳабанд ва аз тарафи ҳукумат дар ин мазҳаб ягон монеъагӣ дида намешавад ва баракс ин мазҳаб аз тарафи ҳукумат дастгирӣ меёбад. Мардуми Бадахшон бошад, дар равияи Исмоилияанд, ки он озодона муносибат мекунанд ва ягон монеъагӣ ва поймолкардани ҳқуқҳои мазҳабӣ вуҷуд надорад. Дар мамлакат намояндагони дигар дину мазҳабҳо ибодатгоҳҳои худро доранд ва озод рафта талаботи динии худро қонеъ мегардонанд. Дар як ноҳия, ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон аз шумораи муассисаи таълимӣ дида, зиёд будани масҷиди панҷвақта ва ҷомеъ, ҳамасола аз 40 то 50 нафар ба зиёрати Хонаи Худо, ба ҳаҷ рафтани сокинон далели он нест, ки барои диндорон дар мамлакат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Оё фаромӯш кардаед, ки мардуми Тоҷикистон мусалмонанд ва ҳамҷинсгароӣ шумо барои онҳо бегона ва гуноҳи азим аст ва зарурат бар он нест, ки ҳукумат барои роҳ надодан ба он чорае андешад.

Дар мамлакат амалҳои коррупсионӣ ва ошнобозӣ чи тавре дар гузориш омадааст, аз тарафи баъзе ашхос дида мешавад, вале ҳукумат дар асоси қонун ба муқобили онҳо муборизаи беамон мебарад.

Чӣ дар Амрико ҳуқуқи инсон бо ҷузъиёташ риоя карда мешавад? Нодидаҳо дар ормону дидагиҳо пушаймон. Шоир Бозор Собир имрӯз зинда мешуд, шояд менавишт, ки дар Амрико ҳуқуқи инсон “чӣ гуна” риоя мешавад.

Мо зид нестем, ки Департаменти давлатии Амрико ҳуқуқи инсонро дар ин ё он давлат таҳлил нанамояд. Тарафдори онем, ки дар гузориш ҳақиқати ҳолро баён намоянд. На ин ки суханҳои бофтаю сохта ва бо ин роҳ гунаҳкор намудани давлату роҳбарияти он. Чунки чунин амали носавоб ба ғайр аз сард шудани муносибатҳои гуногунҷабҳаи ҳар ду давлат дигар чизе намедиҳад.

Саидҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg