БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГУРӮҲИ ВАКИЛИИ ҲИЗБӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД

А. ҶОМӢ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии   ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маҷлиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.

Дар кори он узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Саиди Ёқубзод, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб  иштирок намуданд.

Зимнан Муҳаммаддовуд Ҳалимов  раиси Кумитаи иҷроия ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро бо  рӯзномаи он, ки аз   се масъала  иборат буд, шинос намуда, мавриди баррасӣ қарор дод.  

Доир ба  масъалаи  аввали  рӯзномаи  корӣ ,  дар бораи таъсиси гурӯҳи вакилии ҳизӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мавсуф  баромад намуда,  қайд кард,  ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ, банди 5 (5,1)-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси  вакилони  халқи  ноҳия гурӯҳи вакилии ҳизбӣ таъсис дода шавад. Ҳамчунин роҳбарони гурӯҳи вакилии ҳизбиро иборат  аз  роҳбар ва ду муовинонаш пешниҳод карда,  оид ба ин масъала қарори дахлдор қабул карда шуд.

Нисбати масъалаи дуюми рӯзнома, дар бораи амалиёти (Аксияи) сайёҳию  омӯзиши  “Сайри  Ватан  мекунем!”  гузориш дода шуда,  масъалаи мазкур аз ҷониби ҷамъомадагон дастгирӣ ёфт

Сипас, Саиди Ёқубзод  доир ба   иҷрои  дастуру  супоришҳои  мақомоти  болоии  ХХДТ, ҷиҳати амалии корҳои созандагию бунёдкорӣ ва дигар вазифаҳои  Оинномавию   Барномаи  ҲХДТ суханронӣ карда,   ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ аз ҳамагон даъват ба амал овард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg