БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРӮЗ БА ДИЁР ОМАД...

Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст,

                  Дар саҳни чаман рӯи дилафрӯз хуш аст.

АНДЕША. Ба кишвари мо боз арӯси сол – Наврӯзи оламафрӯз бо нафаси гарму руҳафзояш қадам ранҷа намуд.  Дашту даман қабои сабз ба бар карда, ба машом накҳати форами гулҳои баҳорӣ мерасад. Имрӯз садои форами мусиқӣ дар ҳама ҷо танинандоз аст.

 Оре, Наврӯзи оламафрӯз ба сарзамини мо омад. Мардуми тоҷик, аз ҷумла сокинони ноҳияи Ховалинг баҳри хуб пешвоз гирифтани ин ҷашни ниёгон дер боз тайёрӣ мебинанд. Наврӯз дар таърихи миллати мо мисли китоби муқаддасест, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо суннатҳои неки аҷдодони моро дар саҳифаҳои худ маҳфуз нигоҳ дошта, бо вуҷуди душворию нокомиҳои зиёде аз насл ба насл гузашта, то замони мо чун мерос омада расидааст.

Дар бисёр “Наврӯзнома” – ҳои қадима рӯзи ҷашнгирии Наврӯз, хислату хосият, таровату файзи он вобаста ба рафтори сайёраҳо -  Офтоб, Моҳ, Мирих, Аторуд, Муштарӣ, Зуҳра, Зуҳал маънидод шудаанд.

Абурайҳони Берунӣ  дар “Осор – ул – боқия”, Муҳаммад Наршахӣ дар “Таърихи Бухоро”, Умари Хайём дар “Наврӯзнома” пайдоиши иди Наврӯзро ба замони салтанати Ҷамшед мансуб медонанд.  Умари Хайём дар “Наврӯзнома” – аш менависад: “Сабаби ниҳодани Наврӯз он аст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад. Яке он ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рабъа аз шабонарӯз ба аввалин дақиқаи ҳамал боз ояд. Ба ҳамон вақту рӯз, ки ҳар сол аз муддате ҳаме кам шавад ва Ҷамшед он рӯзро дарёфт Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард”.    Аз рӯи ин гуфтаи Хайём офтоб дар сесаду шасту панҷ рӯз ду давр мезанад ва ин ду давр, ки ба охир расид, сол поён ёфта, моҳи ҳамал соли нав оғоз мегардад.Наврӯз рамзи некӣ, покӣ, эҳёи олами хуфта, фано ёфтани зимистон, оғози кори марди деҳқон аст. Наврӯзро аз рӯзи пайдоиш аҳли дарбор ва мардуми оддӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн  мегирифтанд.

Дар бораи ҷашни Наврӯзи замони Сосониён ва Сомониён ривоятҳо хеле зиёданд. Дар тӯли чандин ҳазор сол мардуми ориёӣ ҳамеша кӯшиш ба харҷ медоданд, ки Наврӯзро тибқи анъаноти ниёгон бо маросимҳои хоса истиқбол намоянд. Пеш аз таҷлили он мардум  як қатор маросимҳои дигар,  аз қабили “Аловпарак”, “Чоршанбеи охирин”, Ҷашни ҳут”, ”Оташафрӯз”, “Чоршанбеи сурӣ”- ро  барои аз худ дур намудани ранҷурӣ, нохушӣ, бебарориҳо доир менамуданд, ки баъзе аз онҳо ба мисли “Аловпарак”, “Чоршанбеи охирон”, “Оташафрӯзӣ”  то ҳол дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Бадахшон дида мешавад.

 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андар боби моҳияти ин ҷашни бузург чунин зикр намудаанд: “Наврӯз дар баробари забони модариамон барои мо аҳамияти таърихию миллӣ дорад ва мо онро бояд ҳамчун шиносномаи миллии худ дониста, таҷлил намоем”   Пешвои миллат бо далелҳои қотеъонаву боварибахш таърихи ин ҷашни фархундаро беш аз шашуним ҳазор сол арзёбӣ карданд ва афзуданд, ки “тамаддуни халқи мо бо Наврӯз оғоз мегардад”.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳои хеш Наврӯзро “Шоҳнома” –  и шаҳриёрони миллат, ёдгории ҷовидонаи “Ёдгори Зарирон”, дарахти ҳамешасабзи “Асурик”, “Корномаи Ардашер”, “Пандномаи Анушервон”, “Андарзномаи Бузургмеҳр, “Ганҷи шайгон” – и “Занду Позанд”, сарчашмаи мусаффои “Минӯи хирад”, замзамаи навоҳои борбадии “Наврӯзи Бузург”, “Боғи Шаҳриёр”, “Партави Фархор”, “Сабз андар сабз”, “Кини Сиёвуш” ва “Сарвистон” номида, онро таърихи зиндаву бедор, пояндагиву ҷовидонагӣ, ному нанг, ифтихору шараф ва ҳувияту бақои миллати фарҳангиву тамаддунсози тоҷик” арзёбӣ намуданд.  

Агар пештар ҷашни Наврӯзро дар ҳавзаи Наврӯз ҷашн  мегирифта бошанд, имрӯз маҳз бо шарофати қадршиносӣ ва яке аз хизматҳои барҷаставу беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба хотири  ба феҳристи фарҳанги ғайримоддии умумибашарии ЮНЕСКО  ворид намудани ҷашни Наврӯз   моҳи феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64 – уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони”Фарҳанги ҷаҳон” –ро дорад, Қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба тасвиб расид. Тибқи он, ҳамасола  дар тамоми ҷаҳон  21 март ҳамчун рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мегардад. Пешвои миллат зикр намудаанд: “Баргузории Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ моро вазифадор менамояд, ки расму оинҳои неки наврӯзии замонҳои куҳанро аз нав эҳё намуда, ба онҳо шукӯҳу шаҳомати тоза бахшем”

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Наврӯз ҳамчун ҷашни оғози ҳаёти нав, ҷашни зебоии табиату инсон, ҷашни дӯстию бародарӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла  дар ноҳия   бо омодагии пешакӣ, бо баргузории  тамоми суннату маросимҳояш ботантана ва  бо шукуҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад.

Мардуми меҳнатқарини диёр   бо омад - омади Наврӯз барои кишту кори баҳорӣ, ниҳолшинонӣ, аз ҷумла гулу гулбуттаҳо, коркард ва тоза намудани боғҳо тайёрии ҷиддӣ мегиранд. Ба поккорӣ машғул мешаванд. Онҳо хонаю дар,  гирду атрофи ҳавлии худ, кӯча ва ҷӯю заҳбӯрҳоро тозаю озода мекунанд.

Таҷлили  Наврӯз дар ҳама шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ  бо риояи суннатҳо ва маросимҳояш  бо орстани хони “ҳафтшин” - у “ҳафтсин”, гулгардонӣ, ҷуфтбаророн, хонабаророн, сайри наврӯзӣ, ба таври алоҳида ва ё якҷоя пухтани суманак, дигар хӯрокҳои миллии хоси баҳору Наврӯз, намоиши ҳунарҳои дастӣ, дастовардҳои меҳнатӣ, бозиҳои гуногуни варзишиӣ ба монанди гӯштин, бузкашӣ, аспдавонӣ, дастхобонӣ, бандкашӣ, вазнбардорӣ, бозиҳои дилхушкунанда, кабкҷангу хурӯсҷанг, тухмбозӣ ва дигару дигарҳо, бо рақсу суруд қариб бо ҳам монанд баргузор карда мешавад.  Воқеан, Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шурӯъ гардидани ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ мебошад.

Бо ибрози ниятҳои нек, барои амалӣ гардонидани тамоми нақшаҳои ободгаронаи мардум сокинони меҳнатдӯстти ноҳияро ба ифтихори Ҷашни Наврӯзи бостонӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо бахту саодат, хайру баракат ва ба  Ватани азизамон – Тоҷикистон сулҳу субот, ваҳдати миллии ҷовидона ва дастовардҳои бузургро орзумандам.

    Саидҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg