ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҷлиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки 38 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, ки онҳоро Конференсияи 21- уми ҲХДТ дар ноҳия ба номзадии вакилӣ пешниҳод карда буд, баргузор гардид.
Дар маҷлис раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат иштирок дошт. Дар маҷлиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ масъалаҳои интихоби раиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, муовинони раиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, тасдиқи нақшаи кории гурӯҳи вакилии ҳизбӣ ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Инчунин, дар маҷлис тибқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ ” ва банди 5.1 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гурӯҳи вакилии ҳизбӣ таъсис дода шуд.Сипас, дар асоси талаботи банди 5.5- и Оинномаи ҲХДТ аз ҳисоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аъзои гурӯҳи вакилии ҲХДТ, раис ва муовинон интихоб гардида, Тағаймуродзода Санифа муовини раиси ноҳия ба вазифаи раиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ ва муовинони раис Ашӯрова Ҷамила ва Шарифзода Илҳом интихоб карда шуданд.
Дар охир ташаббуси навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон амалиёти (аксияи) сайёҳӣ таҳти унвони “Сайри Ватан мекунем!” баррасӣ карда шуда, аз ҷониби ҳамагон дастгирӣ ёфт.