БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБИИ “САЙРИ ВАТАН МЕКУНЕМ” АЗ ҶОНИБИ ВАКИЛОН ДАСТГИРӢ ЁФТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси якуми гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  Абдулҳаев Маҳмадсаид ба сухан баромада, ҳамаи он нафаронеро, ки ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар интихоботи парлумонӣ, ки санаи 1.03.2020 баргузор гардид, интихоб шуданд,  табрик гуфта,  ба онҳо дар фаъолияти вакилиашон барору комёбиҳоро таманно намуд.

Сипас дар ҷаласа се масъала: интихоби раиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, интихоби  муовинони раиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ, тасдиқи нақшаи кории гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ карда шуданд.

Дар доираи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис масъалаи Амалиёти (Аксияи) сайёҳию омӯзишии ҳизбӣ таҳти унвони «Сайри Ватан мекунем!» баррасӣ гардида, ин иқдом аз ҷониби вакилон пазируфта шуд.

Дар ҳамин замина вобаста ба масъалаҳои баррасишавандаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg