БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТУҲФАИ ҶАВОНОН БА ИСТИҚБОЛИ 30- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯзҳо ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳама гӯшаву канори кишвар корҳои сазондагиву бунёдкорӣ вусъати тоза доранд. Дар ин радиф аз ҷониби ҷавонони деҳаи 1 майи Ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон  дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53 толори варзишии замонавӣ бунёд хоҳад гашт. Толори варзишӣ аслан бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  ва саҳми ҷавонони деҳа  бунёд карда мешавад. Дар рафти суҳбат намояндагони ҳизбӣ иқдоми ҷавононро шоистаи таҳсин  арзёбӣ намуда, толори варзиширо туҳфаи арзанда ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ унвон карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg