![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200314_094442%20%281%29_0.jpg?itok=-OEltODk)
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ ба истиқболи сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” барои тозаю озода намудани гирду атрофи бинои маъмурии ҳизбӣ, ки айни ҳол корӽои сохтмонӣ ҷараён дорад, корҳои ободониро анҷом доданд. Инчунин, дар ин чорабинӣ ҷавонони фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз ташкилотиӽои ибтидоии ӽизбӣ иштирок дошта, дар корҳои ободонӣ саҳми хешро гузоштанд. Тасмим аст, ки то ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ дар ташкилоту муассисаӽо, хиёбону маӽаллаӽо бо ҷалби раисони кумитаӽои маӽал, фаъолон ва ташкилотӽои ибтидоии ӽизбӣ корӽои созандагиву бунёдкоронӣ дастҷамъона гузаронида мешавад