БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ АМЕРИКА ҲАР ХУБИИ ДИГАРОН “БАД” ВА ҲАР БАДАШОН “ХУБ” АСТ! Ё худ, чаро бояд танқиди ИМА-ро ҳамчун таъриф ва таърифашро ҳамчун танқид қабул кунем?

ВОКУНИШ. Санаи 11.03.2020 дастгоҳи таблиғотиву идеологии Америка – радиои “Озодӣ” матлаби пурхусуматеро таҳти унвони “Амрико вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро танқид кард” ба нашр расонид. Дар бораи ин расона чизе намегӯем, чун ҳама медонанд, ки радиои “Озодӣ” ҳамакнун рӯйрост ба як минбари таблиғи террористону экстремистон табдил ёфтааст. Дар ин росто, ба таҳаммулпазирии давлати Тоҷикистон аҳсан бояд гуфт. Вобаста ба гузориши мазкур бошад, чизе нест, ки барои ҳайрон шудан бошад. Воқеан, имрӯзҳо дар пасманзари бархурдҳои пуршиддати давлатҳои абарқудрат дигарбора ҷаҳон ба қутбҳои “сурх”-у “сиёҳ” тақсим шудаанд. Қутби ба истилоҳ “сурх” ҳамон кишварҳое ҳастанд, ки ба Россия ва Хитой шарики стратегӣ ҳисоб мешаванд ва қутби “сиёҳ” бошад шарикони стратегии Штатҳои муттаҳидаи Америка ва Европа. Яъне метавон гуфт, ки марҳилаи дуюми ҷанги сард миёни ин қутбҳо, ки ҳанӯз соли 2001 оғоз гардида буд, бо инобати ҳодисаҳои Ховари миёна ва инқилобҳои ранга дар Қирғизистону Украина ба ҷанги, ба қавле “гарм” табдил ёфта истодааст. Ин “танқид”-куниҳои вазорати корҳои хориҷии Штатҳои муттаҳидаи Америка низ на дилсӯзиву на дастгирист, балки як навъ “ҳезумкашонӣ” барои гарм кардани фазои сиёси асту бас, то худро ҳамчун як “қудрати ҷаҳонӣ” дар фазои иттилоотии Тоҷикистон ба намоиш гузорад.

Майк Помпео аввал гиребони Америкаро бӯй кунад...

Вазорати корҳои хориҷии Америка тавассути васоити ахбори оммаи кисагиаш мисли радиои “Озодӣ” кӯшиш мекунад аз ҳукумати кишвараш “Фариштаи наҷоти демократия дар тамоми ҷаҳон” тарошанд ва мардумро ба он водорад, ки ба ин бут бовар карда ҳамвора пешаш саҷда оранд. Не, мо ба ин ва дигар бутҳои сохтаи Шумо бовар надорем. Бигзор Помпео аввал гиребони ИМА-ро бӯй кунад, баъд ба вазораташ дастур диҳад, то авзои кишварҳои дигарро баррасӣ намоянд. Вазъи ҳуқуқи инсон дар худи ИМА дар ҳолати бадтарин қарор дорад. То ҳанӯз сиёҳпустон мавриди дискриминатсия қарор доранд. Ягона президенти сиёҳпустро, ки барои намоиш “интихоб” карда буданд, имрӯзҳо ба коррупсия ва дигар амалҳои нангин муттаҳам карда истодаанд, қишри камбағартарин дар ИМА сиёҳпустонанд, аксаран сиёҳпустонро ба ҳар баҳона ба маҳбас мекашанд. Ба беш аз 60%-и сиёҳпустон ҳаргуна парвандаҳои сохтаи маъмуриву ҷиноятӣ кушодаанд, то ба мансабҳои дахлдор роҳ наёбанд. То ҳанӯз пулиси ИМА бе ягон ҳисси ҷавобгарӣ метавонад ба сӯи сиёҳпустон тир холӣ кунаду бераҳмона ба қатл расонад. Чанд сол пеш барои чунин амали нангин сиёҳпустон гирдиҳамоӣ низ карданд, аммо пулисҳои сафедпуст бе ҷавобгарӣ монданд. Вазъи маҳбусон дар Тоҷикистонро танқид мекунанд, аммо дар бораи вазъи маҳбусони ИМА лаб фуру мебанданд. Ҳол он ки маҳбусон дар Тоҷикистон дар фарқ аз ИМА дар пойҳояшон занҷир надоранд, яъне бароҳаттаранд. Гуманизми ҳукумати Тоҷикистон нисбати ҳукумати ИМА ба маротиб болотар аст, зеро дар Тоҷикистон нисбати ҳукми қатл моротория эълон шудааст. Аммо дар Америка маҳбусони маҳкумшударо то ҳол ба шеваҳои гуногун мекушанд. Ин амалҳои ғайриинсонии давлати ИМА ҳатто дар хориҷ аз кишвар низ ба назар мерасанд. Ба ёд оред, дар рӯзи иди Қурбон Саддам Ҳусейнро чигуна ба дор кашиданд ва ғурури мардуми Ироқро шикастанд. Ё худ дастнишондаҳои ИМА чигуна Муаммар Қаззофиро ваҳшиёнаву ноҷавонмардона ба қатл расониданд...

Аз сӯи дигар, ИМА нахуст бигузорад муассиси “Викиликс” Жулиан Асанж ҳамроҳи садҳо фаъолони дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Америка озодона фаъолият кунанд, баъдан дигар кишварҳоро барои маҳдудсозии озодии сухану ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои дигарандешон танқид кунад. Он бахше аз ҷомеаи шаҳрвандии мо, ки аз ин “танқид”-ҳои бепояи вазорати корҳои хориҷии ИМА ҳавохоҳӣ мекунанд, бояд хуб донанд, ки дар Америка ва Европа низ ҷомеаи шаҳрвандиашон танзимшаванда ва ҳатто зери назорати шадид қарор доранд.

Ҳуқуқу озодиҳои ба хун олуда ва ғуломи ИМА шудан ба кӣ даркор аст?

Таърихи 200-солаи охир собит сохтааст, ки мардуми кадом кишваре ба давлати Иёлоти муттаҳидаи Америка бовар кард, оқибат ба бадбахтиҳои ҷуброннопазир рӯбарӯ гардида, ноумеду пушаймон гашт. Мо дар бораи Чиллӣ, ё Ветнам чизе намегӯем, чун ин кишварҳо хеле аз мо дуранд. Мо дар бораи Афғонистон мегӯем, ки чигуна дастгоҳи таблиғотии Америка ҳузури нерӯҳои Иттиҳоди ҷумҳуриҳои Шӯравӣ-сотсиалистиро дар ин кишвар маҳкум мекарду дастгоҳҳои ҷосусиаш бошад, нерӯҳои бо ном “мухолифин”-ро таҳти унвони Толибон зери шиори “ҷиҳод бар зидди кофирон” бо яроқу аслиҳа мусаллаҳ менамуд. Ҳол он ки ИҶШС дар Афғонистон биноҳои маъмурӣ, мактабҳо, беморхонаҳо, кӯдакистонҳо, хонаҳои истиқоматӣ ва ғайра сохта инфрасохтори ин кишварро мустаҳкам мекард. Мардуми беяроқро намекушт. ИМА бошад чи кор кард? Бо баҳонаи дастгир кардани террористи №1 Усома бинни Лодан, ки аслан медонистанд, ки дар Покистон қарор дорад, нерӯҳои ҳомии “демократия”-ашро мусаллаҳ карда ба Афғонистон ворид шуд ва он мактабу беморхонаву иншооти дар замони Шӯравӣ бунёдшударо бомбаборон карда нест кард. Ҳазорҳо мардуми осоиштаро ба қатл расонид. Имрӯз дар Афғонистоне, ки таҳти сиёсати “ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон”-и ИМА 70%-и интихобкунандагон аз тарси ҷон дар интихоботи президентӣ иштирок карда натавонист, Помпео аз демократияаш ситоиш мекунад, аммо дар Тоҷикистоне, ки аз Амрико дида амнтар аст, “танқид”.

Вазъи ҳуқуқи инсонро ИМА дар Ироқу Ливия ва Сурия ҳам бад мегуфту ҳукуматҳояшонро ҳукумати худкома. Тавассути чунин гузоришҳояшон ва ҳамзамон пуштибонӣ аз гуруҳҳои манфиатдори дохилӣ ба он кишварҳо гӯё “ҳуқуқу озодӣ” овард! Ба кӣ лозим ҳамон “ҳуқуқу озодиҳои амрикоӣ”, ки имрӯз мардуми раҳрезу порез ва ҷафокашидаи Ироқу Сурия доранд, мардуме, ки замоне рӯзашонро таҳти роҳбарии ба қавли Помпео “диктаторҳо” дар оромиву субот ва айшу роҳат мегузарониданд.

Ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллӣ ва суботу осоиштагии мардуми Тоҷикистон болотар аз демократияи хунолуди ИМА мебошад

Мо ҳамчун узви ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо такя ба принсипи Сиёсати дарҳои боз дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки аз тафаккури башардӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, бо афзалият бахшидан ба риояи назокатҳои муносибатҳои дипломатӣ, борҳо чунин бархурдҳои ғайрикасбӣ ва ғайридӯстонаи дипломатҳо ва умуман вазорати корҳои хориҷии ИМА-ро бо таҳаммул назорат кардем. Аммо ин таҳаммулҳо ба маъное нестанд, ки иҷозат диҳем, бо чунин пурруӣ ба сиёсати дохилии мо дахолат кунанд. Бигзор нахуст Помпео вазъи ҳуқуқи мардумеро ба эътидол оварад, ки бо айби ҳукумати ИМА гуреза шуда, дар дарёҳо ғарқ гашта истодаанд, ё гурезагоне, ки дар сарҳади Юнон мавриди азияту шиканҷа қарор доранд. Агар Помпео воқеан адолатхоҳу инсондӯст аст, нахуст ҳукумати худкомаи ИМА-ро танқид кунад, ки ҳамчун диктатори сатҳи ҷаҳонӣ нисфи дунёро таҳти султаи худ қарор дода, миллионҳо нафарро дар азияту ранҷу гуруснагӣ нигоҳ медорад, чи расад ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон. Бо боварии комил ва бо назардошти ҳолати воқеӣ метавон гуфт, ки агар мардуми ИМА, хусусан қишри сиёҳпусти он ва дигар кишварҳое, ки ИМА артишашро ба марзи онҳо ворид кардааст, нисфи ҳуқуқу озодиҳои мардуми Тоҷикистонро медоштанд, худро хушбахттарин инсони ҷаҳон меҳисобиданд.

Орзу Ҳамидиён – коршиноси масоили сиёсӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg