БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАЪЮБОНУ БАРҶОМОНДАГОН ҲАМ ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲАМЕШАГИИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Маркази хизматрасонӣ дар хона»  бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин   вохӯрӣ  анҷом дода шуд.

Зимни ибрози андеша қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёме, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сатҳу сифати хизматрасониҳо ба шахсони маъюбу барҷомонда, ки ин қишри ҷомеа бештар ба кумаку дастгирӣ  эҳтиёҷ доранд,  махсус  истода гузаштанд.    Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки бо вуҷуди пешравиҳо, ҳоло низ баъзе камбудиҳо, аз ҷумла дар масъалаи хизматрасонӣ ва расонидани қумаки аввалияи тиббӣ, ки аз ҳисоби буҷет малбағгузорӣ мешавад ба мушоҳида мерасанд.

Хизмат ба шахсони маъюбу барҷомонда ва ниёзманд на танҳо  рисолати ҷавонмардӣ, балки   шаҳодати  дастгирии сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумати кишвар мебошад . Аз ин рӯ мо ҳизбиёнро мебояд, ки ҳамеша нисбати ин қишри ниёзманди ҷомеа ҳалиму меҳрубон ва кумакрасони онҳо бошем. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg