
Н. ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ба истиқболи сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар ҳамбастагӣ бо намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо иштироки васеи ҷавонону наврасон мусобиқаи дави наврӯзӣ ба масофаи се километрро баргузор намуда, иштирокдорони чорабинии варзишӣ бо руҳи болидаву дар фазои идона бо шукргузорӣ аз сиёсати ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолона ширкат варзиданд.
Пас аз ҷамъбасти чорабинӣ ғолибон муайян гардида, ба онҳо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб тақдим карда шуд.
Бояд гуфт, ки мақсад аз баргузор намудани чорабиниҳои оммавию варзишӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангиву миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҷавонон ва дар замири онҳо ҷой кардани ҳисси баланди ватандӯстиву худогоҳии миллӣ мебошад.