БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ ҲХДТ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА БА ҲАР ЯК СОКИНИ КИШВАР АСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб  бо иштироки  раиси Кумитаи иҷроия Ҳамидиён Орзу  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб мулоқот доир карда шуд.

Нахуст, Ҳамидиён Орзу ба сухан баромада, оид ба Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бобати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ суханронӣ намуда, қайд кард, ки имрӯз Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбати  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ диққати аввалиндараҷа медиҳад, зеро онҳо дар пойдории сулҳу субот ва амнияти  Тоҷикистон саҳми беназир мегузоранд.

Иштирокдорон низ дар рафти суҳбат фаъол буда, ҳамчунин, иброз намуданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат тамоми донишу малакаи худро ба харҷ  дода, дар  роҳи ободию шукуфоии диёр саҳми худро хоҳанд гузошт.

Гуфта шуд, ки дар асосии дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон такя ба  ҷавонони фаъол намуда, барои пиёда сохтани ҳадафҳои он тамоми шароитҳоро муҳайё намудааст.

Инчунин, мавсуф дар фарҷоми ҷаласа аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки интихоботи вакилони халқ, ки санаи 1.03.2020 баргузор гирдид, басо шаффофу демократӣ баргузор шуда, номзадҳои арзанда сазовори аксарияти овозҳо гардиданд.   Ҳамчунин қайд намуд, ки ҳадафи ҲХДТ низ таъмини зиндагии орому осоишта ба ҳар як сокини кишвар аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg