КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи ҲХДТ бо ташаббуси ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 вохӯрӣ бо иштироки корманди масъули ҳизбӣ дар шаҳри Кӯлоб доир гардид.
Зимни суҳбат масъулин изҳор намуданд, ки дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат қайд намуданд: “Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад. Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад”.
Дар ин росто аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи корӣ худ намуда, бо аз бар намудани илмҳои замонавӣ дар пешравии давлат саҳмгузор бошанд.