
ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки яке аз фазилатҳои неки наврӯзӣ ва мардуми куҳанбунёди тоҷик аёдат мебошад, бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аз ҷумла соҳибкорону шахсони саховатпеша Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ гардида, оилаҳои ниёзманд, пирони хирад ва маъюбону ятимон, шахсони барҷомонда аёдат ва аз ҳолу аҳвол ва вазъи зиндагии онҳо ошноӣ пайдо намуда истодаанд.
Дар ин сафар намояндагони Кумитаи иҷроия низ ҳамроҳӣ дошта, ба аёдати момаи Сангимоҳ, ки 83 сол дорад рафта, ба ӯ туҳфаи наврӯзӣ супурданд.
Момаи Сангимоҳ аз омадани ҳизбиён шодмон гардида, ба онҳо ва ояндаи Ватани азиз дуои хайр намуд.