БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРСАБЗИВУ ХУРРАМИИ ВАТАН АЗ МО ШАҲРВАНДОН ВОБАСТА АСТ!

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  омад - омади Наврӯзи байналмилалӣ, ки айёми фасли баҳор асту дар он зиндашавии  табиат дида мешавад ва дар фазои сабзу гулҳои шукуфон таҷлил гардидани Наврӯз ранги дигар мегирад. Бо ин мақсад бо дастгирии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Дӯстӣ  дар назди бинои Кумитаи ҳизбӣ дар партави Аксияи ҳизбии “ҲХДТ муттаҳид месозад!” як қатор корҳои ободониву хуррамгардонӣ доир карда шуда, дар он  масъулин  ба шинонидани гулҳои рангоранги  хушбӯй, нарму мулоим кардани замин, тозаву озода намудани гирду атрофи бинои маъмурӣ машғул шуданд, ки ин ободкориҳо ба ҳусни маркази ноҳия ҳусни дигарро зам намуд.Чунин иқдомҳои неку созанда дар ҳар гӯшаву канори ноҳия бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ пайваста баргузор карда мешавад ва аз ҷониби сокинон бо хушнудӣ пазируфта шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg