БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФАРХОР, ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ГАРДИД

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардида, дар он  узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ,  раиси ноҳияи Фархор Раҳматзода Рустам, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, вакилони тозаинтихоб, фаъолон ва аъзои ҳизб иштирок доштанд.  

Дар иҷлосия ахбороти Комиссияи ноҳиявии интихобот шунида шуда, ваколати вакилони тозаинтихоб тасдиқ карда шуда, 40 нафар вакилон савганди садоқат қироат намуданд. Сипас, масъалаҳои рӯзнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, якдилона қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар кори иҷлосия Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода  дар назди ҳозирин бо маърӯзаи муфассал суханронӣ намуда, аз иштирокдорон барои содиқонаву садоқатмандона хизмат  кардан ба халқу Ватанро даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg