БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАРЗИШ СОЛИМИСТ!

ВИЛОЯТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Марофони велосипедронӣ ва Дави наврӯзӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ   наврасону ҷавонон, ба хусус аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан», кормандони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ ва шаҳри Бохтар ва дигар кормандони корхонаву ташкилотҳои маркази вилоят иштироки фаъолона доштанд. Дар оғози чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ дар хусуси  аҳамияти варзиш,  рушди  варзиш дар вилоят суханронӣ карда,  қайд дошт, ки дар вилояти Хатлон зина ба зина шароити машқу тамрин барои варзишгарон беҳтар гардида, сафи ихлосмандони варзиш меафзоянд.

Чорабинӣ  бо иштироки доираи васеи варзишгарон ва ихлосмандон шурӯъ гардида, мусобиқа то масофаи муайяншуда сурат гирифт.   Ҳайати доварон рафти мусобиқаро назорат карданд.

Чорабинӣ  шавқовар ва хотирмон  натиҷагирӣ карда шуда, дар вазъияти тантанавӣ ғолибон аз ташкилоту муассисаҳое, ки дар рушди варзиши вилоят саҳми арзанда доранд, қадрдшиносӣ карда шуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg