
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бобати тақвият додани корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ба ин васила тарғиби сару либоси миллӣ, дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳҳои пешгирии бегонапарастии занону ҷавонон ва татбиқи бо самари Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълмиу тарбияи фарзанд” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо занони Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ мулоқот доир намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулин доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон дар ҳифзи оиладорӣ, омода намудани онҳо ба зиндагии мустақилона, одоби муошират, нақши онҳо дар ҳамдигарфаҳмии аҳли хонадон ва таълиму тарбияи фарзандон, бунёди оилаи солим, рафтори ғамхорона нисбат ба якдигар, маърифати либоспӯшӣ ва дигар масъалаҳое, ки дар ҳаёти ҳар як зан ва оила нақши муҳим мебозад, суханронӣ намуданд.