КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар деҳаи Чакиҳои Ҷамоати шаҳраки Бохтариён бо сокинон вохӯрӣ доир намуданд.
Дар ҳамоиш масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТЁ аз ҷумла пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тозаю озода намудани атрофи деҳаю кӯчаҳо, риояи қонунҳои миллӣ, зери ҳадафҳои созандаи ҲХДТ муттаҳид намудани мардум, пардохти саривақтии андозҳои давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, муқовимат бо коррупсия, татбиқи босамари “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, масъулин ҷамъомадагонро ба муносибати иди Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод гуфта, қайд карданд, ки қудуми хуҷастаи Наврўз ба диёри мо файзу нишот, баракату фаровониҳо оварад. Бигзор, қадами сабзи Наврўз дар Тоҷикистон боиси ободкориву созандагиҳо гардида, ғояҳои олии башардӯстонаи ин ҷашни аҷдодӣ дӯстиву рафоқат, инсондӯстиву хайрхоҳӣ, мароми тамоми ҳамдиёрони мо гардад.