БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ БАРОИ ДАРЁФТИ “ ҶОМИ ҲХДТ” ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ИДОМА ДОРАД

КӮЛОБ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳори миллӣ.

Мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти  “Ҷоми ҲХДТ” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и шаҳри Кӯлоб  баргузор гардида, ҷолибу хотирмон сурат гирифт.  Баъди кӯшишҳои зиёд аз ҷониби хонандагон  Исмоилов Файзулло  ба гирифтани ҷойи аввал шарафёб гардида,  Азимов  Валиҷон сазовори ҷойи дуюм  шуд ва  ҷои ифтихорӣ бошад,  насиби   Мӯсоев  Файзимад гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки мусобиқаи мазкур дар дигар муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи умумии шаҳр баргузор гардида, дар моҳи май дар арафаи “Рӯзи ҷавонон” ҷамъбаст карда мешавад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg