БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ОМӮЗИШИИ "АЗ МОДАР ТО РОҲБАР"

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони "Модар ҳаётбахши инсон" баргузор гардид.

Нахуст, чорабинӣ бо суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу оғоз гардида, гуфта шуд, ки зан - модар шахсест, ки насли имрӯзу ояндаро дар руҳияи ифтихори миллӣ ва дӯст доштани Ватан тарбия намуда, ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳсипорӣ менамояд. 

Дар идома, Худойдодова Шарофат номзади илмҳои педагогӣ, омӯзгори ДДК, Одилзода Дилбар узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, директори муассисаи давлатии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб", Шоинов Ҳасан узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, саромӯзгори ДДК, инчунин дигар иштирокдорони ҳамоиши мазкур дар васфи зан - модар андешаҳои худро баён доштанд.

Бояд гуфт, ки тӯли як моҳ дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб даври омӯзишии "Аз модар то роҳбар" бо иштироки 40 нафар занону ҷавондухтарони фаъолу ояндадор аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид, ки зимни чорабинии мазкур ҷамъбаст карда шуд.

Чорабинӣ  ба занони фаъол, ки дар дар курси мазкур ҷиҳати саҳми азранда гузоштанашон дар амалишавии ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ ва дар сатҳи баланд гузаронидани суҳбат дар доираи курси мазкур Сипсонома, инчунин, ба иштирокчиёни  курс бо Сертификатҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қадршиносӣ карда шуданд.    

Дар охир аз ҷониби аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан" баҳри болидахотирии модарону бонувон як гулдастаи суруду мусиқӣ ва саҳначаҳои гуногунранг пешкаш карда шуд.        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg