БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ИФТИХОРИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ  «Созандагони Ватан» вохӯрӣ  анҷом дода шуд.

Зимни суҳбат масъулин қайд карданд, ки  дар байни наврасону ҷавонон дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия дар баробари муҳит, мактаб саҳми  оила низ басо бузург аст.  Имрӯз падидаи ҷудошавии оилаҳои ҷавон бештар  аз он шаҳодат медиҳад, ки  надоштани маърифати оиладорӣ, омода набудани онҳо ба зиндагонии мустақилона ва  надоштани касбу ҳунар  мебошад ва  боиси пайдоиши мушкилоти иҷтимоӣ дар ҷомеа мегардад.

Дар ин росто эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бобати таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ҷавонон, ки оиладориро дар оянда оғоз менамоянд, хеле тадбири саривақтӣ маҳсуб меёбад. Барои рушди таносуби таҳаммулпазирӣ, рӯзгордорӣ ва ҳифозати арзишҳои фарҳангӣ, ки асоси оиладории навхонадоронро ташкил медиҳад, дар амал татбиқ кардану зинда гардонидани меъроси фарҳангӣ, аз ҷумла, чакандӯзию шерозидӯзӣ , таомҳои миллӣ, барои пеш бурдани рӯзгори онҳо мусоидат менамояд. Бинобар ин моро лозим аст, ки дар ин масир аз имконоти ҷойдошта самаранок ва мақсаднок истифода барем, то насли наврасу ҷавон номбардори хонавода ва дар маҷмӯъ тамоми мардуми Тоҷикистон бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg