
ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии “Ифтихор”-и ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар мулоқот масъулин дар назди ҳозирин баромад намуда, нухуст, бандҳои Барномаи ҲХДТ баррасӣ карда, қайд намуданд, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи худ, ки таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафҳои олии худ медонад, амал мекунад. Ҳамчунин, дар идомаи суҳбат Паёми имсоларо шарҳ дода, иброз доштанд, ки Паёми Президенти мамлакат пеш аз ҳама дастури кории ҳар як мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад, бинобар ин ҳар як шаҳрванд аз Паём вазифаи муҳими худро гирифта, ҷиҳати татбиқи он кӯшиш ба ҳарҷ диҳад.