АНДЕША. Истиқлолият рамзи давлату давлатдорӣ буда, дар мамлакат тинҷиву амонӣ, осудагӣ ва суботи миллиро пойдор намуд ва ҳамзамон истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, ягонагӣ ва дунявиро нишон медиҳад. Давлате, ки истиқлолият ба даст наовардааст, ҳамчун давлат эътироф карда намешавад. Мо шукрона аз он мекунем, ки Ватани азизу маҳбубамон- Тоҷикистони биҳиштосо аллакай 28 - сол мешавад, ки истиқлолияти худро қабул кардаасту баҳри миллати хеш зиндагии шоистаро таъмин намудааст. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки баробари ба даст овардани он нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати марди хирадандеш, поксиришт, накӯкор ва ватандӯст Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободикориву созандагӣ дастовардҳои бузург ба назар мерасанд, ки яке аз онҳо иншооти бузурги мамлакат Нерӯгоҳи Барқии Обии – Роғун мебошад. НБО-и Роғун дар қатори 10 иншооти бузурги ҷаҳонӣ шомил буда, 2 агрегати онро мавриди истифода карор додем, ки имрӯзҳо сокинон бо қувваи барқ ба пуррагӣ таъмин гардидаанд. Аз эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат дар кишвар корҳои бунёдкорӣ, аз ҷумла бунёди заводу корхонаҳо, биноҳои баландошёна, дӯкону мағозаҳо, шоҳроҳи Душанбе - Бохтар, тозаву озода ва гулзор намудани гулгашту хиёбонҳои шаҳру деҳот вусъат ёфта истодаанд. Мо ҷавонон бояд ба қадри ин неъматҳои бебаҳо расем ва шукрона кунем, ки дар фазои сулҳу суботи осоишта умр ба сар мебарем ва ҷавобан ба ғамхориҳои падаронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор гашта, дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри ободии Ватани худ саҳмгузор бошем.
Абдулҳафиз ҚУРБОНОВ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ