БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРОНАВИРУС - ВАБОИ АСР!

АНДЕША.Тариќи расонањои хабарї оид ба пайдоиши як бемории ангезанда- короновирус  иттилоъ дода шуд ва ба тамоми дунё пањн гардид. Аввалин бор ин вируси марговар дар музофоти Ухани Љумњурии мардумии Чин ба ќайд гирифта шудааст.

 Тибќи иттилои расмии ташкилотњои байналмилалї то имрўз дар ин музофот корњои зидди бактериологиву вирусологиро мунтазам анҷом дода,  оид ба пешгирии ин вирус мутахассисони соњаи тиб чорањои  зарурї андешида, шиддати  ин бемориро то андозае  паст  намуда истодаанд.

Хатарї ин беморї метавонад њар лањза ба дигар мамолики дунё   тањдид кунад, вале хушбахтона то имрўз дар љумњурии мо аломатњои ин беморї ба ќайд гирифта нашудааст,      

         Гарчанде ки аломатњои ин беморї дар давлати мо  ба ќайд гирифта нашуда бошад њам, ин маънои онро надорад, ки мо нисбат ба он бепарвогї зоњир намуда  хотирљамъ бошем. Шабакањои телевизионї вобаста ба пешгирии ин беморї,  риояи талаботњои бењдоштиро њар лањза таъкид сохта истодаанд. Љомеаро зарур аст ба гуфтањои мутахассисон гўш дода, мувофиќи он амал намоянд.

         Ба  њамагон маълум аст, ки афроди манфиатљў  аз ин њодисаву ваќеот истифода намуда бо њар гуна  овозањои бардурўѓ мардумро ба тањлука меандозанд   ва мехоњанд  бо ин васила фоидае ба даст оранд.

         Як ќисм мардуми роњгумзада ба  ќавле «соддалавњ" ба ин овозањои бардурўѓ бовар намуда, мањсулоти хўроквориро бо нархњои гарон харидорї намуда, барои чанд ваќт захира кардан мехоњанд, ки ин иштибоњи мањз аст. Магар  намедонем, ки  маводи хўрокворие, ки захира карда мешавад бояд  љойи махсус ва муњлати нигоњдорї дошта бошад, вагарна метавонад зањр њосил намуда, барои пайдоиши на танњо короновирус, балки дигар беморињои сироятї  шароит фароњам  оварад.

         Мардумро мебояд ба ин овозањо, ки асоси воќеї надоранд бовар накунанд.  Зеро  ки  ин дар оянда боиси сар задани нооромї ва њангомањои беасос дар байни љомеа мегардад.

 

    МАВЗУНА

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg